| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Мизи мудаввар — «Ояндаи бидуни пластикӣ»
    Ахбор

    Мизи мудаввар — «Ояндаи бидуни пластикӣ»

     
    Санаи 4 августи соли равон дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони «Ояндаи бидуни пластикӣ» баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки таъсири партовҳои пластикӣ ба муҳити зист ҳамчун муаммои экологии даҳсолаи охир дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар айни замон характери глобалӣ пайдо кардааст. 

     Мизи мудаввари мазкурро намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Сафи» баргузор намуда, дар он як қатор ташкилоти ҷамъиятӣ, ҷамъияти маъюбон ва мағозаҳои калони хӯроквории шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Истаравшан, Б.Ғафуров, коргоҳи коркарди дуюмбораи партовҳои пластикӣ ҶДММ «Тоҷпет», васоити ахбори омма, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар ташкилоти ба амалӣ гардидани лоиҳа ҷалбшуда ҳузур доштанд.

    Дар рафти чорабинӣ муҳокимаи қадамҳои иваз кардани халтаҳои полиэтиленӣ ба халтаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дастгирии истеҳсолоти хурд барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, таъсири партовҳои пластикӣ ба муҳити зист, аҳамияти коркарди такрории партовҳои пластикӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба бехатарӣ ва амнияти экологии инсон, беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии муҳити зист бахшида шудааст, амалӣ гардид.

    Ҳамзамон боиси қайд аст, ки чорабиниҳои мазкур яке аз роҳҳои иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025» буда, дар рафти қисми муҳокимаи маърӯзаҳои мизи мудаввар масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва рушди тарбияи наврасону ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.




    Бозгашт