Мизи мудаввар оид ба ҷамъбасти лоиҳаи
«Бидон, ки чиро нафас мекашӣ»
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри беҳтар намудани вазъи муҳити зист, рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, якҷоя бо сохтору ташкилот дигари давлатӣ як қатор чорабиниҳои экологиро баргузор намуда истодааст.Аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бо дастгирии Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2020 то моҳи августи соли 2021 лоиҳаи «Беҳтар намудани сифати зиндагӣ тавассути огоҳисозӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии ҳаво» татбиқ гардид.
Бинобар ба охир расидани лоиҳаи мазкур дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввари ҷамъбастӣ бо шиори «Бидон, ки чиро нафас мекашӣ» гузаронида шуд. Дар рафти баргузории чорабинӣ презентатсиҳяо ва баромадҳо дар мавзӯи «Фаъолият, мушкилиҳо ва натиҷаҳои аз амалишавии лоиҳа бадастовардашуда” карда шуд. Ҳамзамон намоиши видеоролик оид ба фаъолиятҳои амалигашта доир ба ҳифзи ҳавои атмосфера, маълумоти мухтасар оид ба стансияҳои насбнамудаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд; фаъолияти онҳо ва таъсири ифлосшавии ҳаво ба саломатии инсон ва оқибатҳои он манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Пас аз баррасии маърӯзаҳо байни намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин олимону коршиносон ва намояндагони ВАО саволу ҷавоб ва таклифҳо оид ба беҳтар намудани ҳамкорӣ сурат гирифт.