| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Мизи мудаввар дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
    Ахбор

    Мизи мудаввар дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

    Дар толори бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мизи мудаввар баргузор гардид.

    Мизи мудаввар барои таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати мазкур бахшида шуда, дар рафти кори он тибқи даъват намояндагони маъмурияти ҷамоат, раисони Кумитаҳои маҳаллӣ, Маркази саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва васоити ахбори омма иштирок намудаанд.

    Мувофиқи барномаи мизи мудаввар ба иштирокдорон аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, коршинос - эколог ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» дар бораи Барномаи давлатӣ, фаъолияти Маркази Орхус ва барномаи «Патрули сабз», мониторинги муҳити зист, нақшаи корҳои минбаъда баромаду презентатсияҳо пешкаш гардида, дар навбати худ аз тарафи намояндагони Маркази саломатӣ ва хоҷагии коммуналӣ оид ба вазъи саломатии аҳолӣ, ҳамчунин масъалаи дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ маълумот пешниҳод карда шуд.

    Боиси қайд аст, ки чорабиниҳои мазкур дар доираи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» татбиқ гардида истодааст. 


    Бозгашт