| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Машғулияти навбатии бозомузӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлолият: Дастовардҳо ва дурнамо»
    Ахбор

    Машғулияти навбатии бозомузӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлолият: Дастовардҳо ва дурнамо»

    17 сентябри соли 2021 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ташкил ва баргузории семинарҳои бозомӯзӣ дар нимсолаи дуюми соли 2021 дар мавзӯи «Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлолият: Дастовардҳо ва дурнамо» машғулияти навбатии бозомузӣ баргузор гардид.

    Баромадкунандаи машғулияти навбатӣ сардори Маркази ахбори экологии Кумита Тиллоева Гулрухсор мавзӯъро ба тафсилот ва мушаххасу равшан ба иштирокдорон фаҳмонда дод. Дар семинар аз ҷумла ба бузургтарин дастовардҳои ҷумҳурӣ, ки дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ зери сиёсати муваффақонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд, мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор дода шуд.

    Дар охир иштирокдорони бозомӯзӣ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба мавзӯи мавриди назар баён дошта, ҳамзамон суолу ҷавоб сурат гирифта, ба суолҳои онҳо Тиллоева Г. ҷавоби мушаххас дод. 



    Бозгашт