| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Машғулияти навбатии бозомӯзӣ оид ба таҳияи Дастурамали мансабии хизматчии давлатӣ
    Ахбор

    Машғулияти навбатии бозомӯзӣ оид ба таҳияи Дастурамали мансабии хизматчии давлатӣ

    17 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Сайфуллоев Н. дар мавзуи «Дастурамали мансабии хизматчии давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тартиби таҳия, тасдиқ ва истифодаи он» ба кормандон машғулияти навбатии семинари бозомӯзӣ гузаронида шуд.

    Дар рафти машғулият масъалаҳои таҷдиду такмили сохтор, ки вобаста ба он зарурати таҳияи дастурамалҳои нав ба вуҷуд меояд, ба иштирокдорон фаҳмонида дода шуд.

    Дар доираи мавзуи мазкур суолу ҷавоб сурат гирифта, ба ҳамаи саволҳои додашуда Сайфуллоев Н. ҷавобҳои мушаххас дод.

     


    Бозгашт