| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маросими қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ
    Ахбор

    Маросими қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ                                       

    IMG_4798 (1).jpg

    Дар толори бинои Раёсати маорифи вилоят маросими супоридани диплому сипоснома бо мукофоту тӯҳфаҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявӣ ва сардори Сарраёсат ба ғолибони озмуни даври вилоятии байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Оқибатҳои зарари партовҳо, аз он ҷумла партовҳои пластикӣ» баргузор гардид.

    Пеш аз оғоз, бо дастовардҳои хонандагон, ки дар маҳфилҳои гуногуни Маркази таҳсилоти иловагӣ машғул мебошанд, сардори Раёсати маорифи вилоят Набизода М.Р. сардори Сарраёсат Ҳакимзода А.Қ.-ро шинос карда, ҷиҳати минбаъд васеъ фаро гирифтани иштироки хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳо дар озмунҳои мазкур таклифҳо пешниҳод гардид.

    Дар маҷмӯъ, 10 нафар хонандагон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Истиқлол, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов ва Спитамен аз тарафи Кумита ва 15 нафар хонандагон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен ва Деваштич, ҳамчунин директори Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилоят ва мутахассиси муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Раёсати маорифи вилоят аз тарафи сарраёсат қадрдонӣ карда шуданд.

    Диплому сипоснома бо тӯҳфаҳо аз ҷониби сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва сардори Раёсати маорифи вилоят, ба 27 нафар супорида шуд.


    Бозгашт