| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилояти Хатлон вусъат меёбад
    Ахбор

    Маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилояти Хатлон вусъат меёбад

    Бо ҷонибдорӣ аз муроҷиатномаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба шаҳри сабз тадбил додани пойтахти кишвар, сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ ба корҳои ниҳолшинониву кабудизоркунӣ вусъат бахшида, ҷиҳати анҷоми босифату саривақтии тадбирҳои беҳдошти муҳити зист чораандешӣ менамоянд.

    Дар ин доира тибқи нақша-чорабиниҳо дар тадбири солимгардонии муҳити зист баробари кормандони дигар ташкилоту идораҳои вилоятӣ, ҳамзамон мутахассисони бахшу шуъбаҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар шафати шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Бохтар-Панҷи Поён фаъолона ширкат намуда, дар риояи дурусти шинонидани гулу ниҳолон ба иштирокчиён роҳнамоӣ намуданд.

    Мавзеи мазкур 4 гектар масоҳат дошта, дар оянда ба як гӯшаи сарсабзу хуррам, макони сайёҳат ва гашту гузори сокинону меҳмонон табдил хоҳад ёфт, зеро дар инҷо ниҳоли дарахтони гуногуни сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои рангоранги ороишӣ шинонида мешавад.

    Тибқи арзёбии мутахассисон, шинонидани дарахтон ба солимгардонии муҳити экологӣ таъсири мусбат гузошта, илова бар ин, ҳусни кӯчаву хиёбонҳоро меафзояд ва ба инсон рӯҳия мебахшад.

    Дар ҳашари оммавии кабудизоркунӣ ба миқдори беш аз 2 ҳазор бех ниҳолони сояафкану ҳамешасабз ва беш аз 400 ҳазор қаламчаҳои гули садбарг шинонида шуданд.

     

    Бозгашт