| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маъракаи ниҳолшинонӣ  дар  шаҳри Ҳисор
    Ахбор

    Маъракаи ниҳолшинонӣ  дар  шаҳри Ҳисор

    Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зисти маҳал, иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи шаҳри мазкур маъракаи кабудизоркунӣ рӯи даст гирифта шуд.

    Чорабинӣ бо иштироки беш аз 80 нафар сокинони ҷамоати деҳот ҷараён гирифта, 180 бех ниҳоли дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд. Дар рафти маъракаи ниҳолшинонӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кормандони   шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор иштирок доштанд. 

     


    Бозгашт