| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт оғоз ёфт
    Ахбор

    Маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт оғоз ёфт

    Дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе” бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар талу теппаҳои маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиёда аз 200 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд.

    Тибқи иттилои мавҷуда, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки давра ба давра дар ин минтақа зиёда аз 800 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида, дар таъмини сарсабзии пойтахт ҳиссагузорӣ намояд.

    Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро дар бораи ба шаҳри сабз табдил додани Душанбешаҳр хуш пазируфта, дар мавсими гузашта зиёда аз 5 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои пойтахт шинонид, ки айни замон дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.

    Тибқи нақшаи тасдиқгаша дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 263644 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда ва буттагӣ шинонида мешавад.

     


    Бозгашт