| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Ахбор

    Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     5 октябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо сухани муқаддимавӣ баромад намуда, Рӯзи забони давлатиро ба кормандони Кумита табрику таҳният намуд. Зимни сухани табрикотӣ хоссатан қайд гардид, ки забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҷониби роҳбарияти Давлату Ҳукумат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди дастгирии ҳамешагӣ қарор гирифтааст, барои бою ғанӣ, оммафаҳму шево шуданаш мунтазам чораҳои давлатӣ андешида мешаванд.

    Дар чорабинии мазкур бо дархости Кумита  намояндаи  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи мазкур Фарҳодова Сарвбону Алидодовна иштирок намуда, дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 дар таҳрири нав қабул гардидааст, суханронӣ намуд. 

     Дар охир алоҳида кормандон бо суханони табрикотӣ баромад намуда, қайд карданд, ки ҳар як корманди Кумита, бахусус хизматчиёни давлатӣ, барои тоза нигоҳ доштани забон, риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, баланд бардоштани  сатҳи забондонии худ минбаъд низ кӯшишу ғайрат мекунанд, дар баробари ин забонҳои хориҷиро, махсусан русию англисиро меомӯзанд, дар рушди коргузории Кумита тараққиёти минбаъдаи Ватанамон саҳми арзандаи худро мегузоранд. 

     


    Бозгашт