| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
    Ахбор

    Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

    Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд.

    Зимни суханронӣ сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б. Ғафуров Ғаффоров Ҷ. аҳамияти баргузории «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва саҳми бузурги Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмори давлати навини тоҷикон қайд намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуда, пешрафту нумӯи давлати тоҷикон аз файзу баракати ин Иҷлосияи тақдирсоз сарчашма гирифт.

    Кормандони бахш низ оид ба сиёсати пешгирифтаи хирадмандона ва бо шарофати Сарвари давлат хубу беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ баромадҳо намуданд. 


    Бозгашт