| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Корхонаҳои партовкашон бо техникаҳои махсус таъмин мегарданд
    Ахбор

    Корхонаҳои партовкашон бо техникаҳои махсус таъмин мегарданд

    Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар самти истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо дар якҷоягӣ бо нозирони Шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумњурии Тољикистон дар шаҳри Душанбе барои вайрон намудани талаботи қонунгузориҳо нисбати 798 нафар шахсони воқеӣ ва мансабдор протоколи маъмурӣ тартиб доданд.

    Тибқи талаботҳои дастрасшуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе 1707 адад нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ва шахтаҳои биноҳои истиқоматии баландошёна мавҷуд буда, ҳар рӯз ба Корхонаи воҳиди давлатии “Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе” ба ҳисоби миёна 650-750 тонна партов бароварда мешавад.

    Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба партовгоҳи шаҳрӣ дар ҳаҷми 256929,3 тонна партовҳои сахти маишӣ бароварда шудааст.

    Мақомоти шаҳрдорӣ дар доираи таҷлили 30-солагии Истилолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои партовкашони ноҳияҳои пойтахт 460 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ, аз ҷумла нақлиёти партовкашонро харидорӣ намудааст.

    Чунин тадбир боис ба он мегардад, ки фаъолияти корхонаҳои партовкашон густариш ёфта, минбаъд сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳ гашта, ҳолати санитарию экологӣ ба маротиб хуб мегардад.


    Бозгашт