| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар шаҳри Ҳисор
    Ахбор

    Корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар шаҳри Ҳисор

    9 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳашари ниҳолшинонӣ ва аксияи “Тозагии маҳал” баргузор гардид. Дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр иштирок намуданд, ки шумораи ширкаткунандагон 400 нафарро ташкил дод.

    Дар рафти чорабинии мазкур дар ҳудуди боғи Қасри фарҳанг ва қад-қади роҳҳои асосии шаҳр зиёда аз 2000 бех гулҳои мавсимӣ шинонда шуданд.

    Дар қисмати дигари аксияи экологӣ иштироккунандагон ҷӯйборҳо, соҳили каналҳо ва 4,7 км шафати роҳҳо аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуда, дар натиҷа 4,5 м3 партовҳо ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуданд.


    Бозгашт