| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор
    Ахбор

    Корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор

    Дар асоси супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амрҳои раиси шаҳри Ҳисор ва ташаббусҳои мақомоти ҳифзи муҳти зист дар маҳал санаи 18 феврали соли равон дар ҷамоати шаҳраки Ҳисор корҳои ободонӣ баргузор гардид.

    Дар рафти чорабинӣ корҳои кабудизоркунӣ низ баргузор гардид, ки беш аз 400 нафар иштирок намуда, 150 бех дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуд.

    Дар қисмати дигари чорабинӣ аз тарафи сокинони маҳаллӣ нарм намудани гирду атрофи дарахтон ва гулҳо, тоза намудани шафати роҳ, соҳили ҷӯйҳои обгузар ва минтақаҳои аҳолинишин аз ҳаргуна партовҳо, бо истифода аз 2 техникаи боркаш ба партовгоҳи расмии шаҳр 8м3 партовҳо интиқол дода шуданд.

     


    Бозгашт