| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор
    Ахбор

    Корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор

    Баҳри дар амал татбиқ додани дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва амрҳои Раиси шаҳри Ҳисор 11 сентябри соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳр ҳашари умумишаҳрӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур тамоми кормандони мақомотҳои маҳалӣ, наврасону ҷавонон ва инчунин сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дар ҷамъ 200 нафар фаъолона иштирок намуданд.

    Аз ҷониби иштирокчиён дар чорабинии мазкур корҳои ободонӣ, тозагии атрофи биноҳои маъмурии сохторҳои маҳалӣ, обёрӣ ба минтақаҳои нишолҳо ва гулҳои навшинонидушуда, нармкунии бехи дарахтон ва аз алафҳои бегона тоза намудани онҳо амалӣ гардид. Дар натиҷа 3 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмии шаҳр бо истифода аз техникаҳои махсус интиқол дода шуд.

    Мақсад аз гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ ин бо фазои хубӣ экологӣ таъмин намудани аҳолии шаҳр ва баланд бардоштани маърифатнокии аҳолии шаҳр буда, барои наслҳои оянда як муҳити солими тозаи экологӣ мерос мондан аст.



    Бозгашт