| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Корҳои биотехникӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи ноҳияи Деваштич
    Ахбор

    Корҳои биотехникӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи ноҳияи Деваштич

    Барои беҳтар намудани вазъи зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва ташкил намудани хӯроки иловагӣ дар ҳолати сард омадани обу ҳаво дар ду мавзеи ноҳияи Деваштич аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал корҳои биотехникӣ доир гардидааст.

    Дар мавзеи Шировути ноҳия 200 кг картошка, 200 кг ҷав, 50 кг намак ва 20 банд хошоки дағал пошида шудааст.

    Дар мавзеи Даҳанасойи ноҳия низ бо иштироки муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо истифодаи 350 кг картошка, 300 кг ҷав, 200 кг шалғам, 60 кг намак ва 25 банд хошоки дағал корҳои биотехникӣ гузаронида шудааст.

    Дар ҳудуди хоҷагии ҷангали ба номи Ғаниҷон Мӯсоеви ноҳия тибқи маълумоти баҳисобгирии мутахассисони соҳаи ҷангалпарварӣ як қатор намуди ҳайвоноту паранда, аз он ҷумла кабутар, хуки ёбоӣ, гург, харгуш, рубоҳ, хирс, бузи кӯҳӣ, кабк ва дигар ҷонварон ба қайд гирифта шудаанд.


    Бозгашт