Конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи бабри барфӣ
Рӯзи 21 октябри соли 2022 бо ташаббуси Кумита ва дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист конфронси илмӣ “Бабри барфӣ-ифтихори миллии Тоҷикистон” бо иштироки 40 нафар олимону мутахассисони вазорату идораҳои марбута доир карда шуд.
Дар конфронс муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдуқодир аз номи раиси Кумита баромад намуда, иштирокдоронро бо рӯзи ҳифзи бабри барфӣ табрик намуд. Инчунин дар конфронс ноиби Президенти Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон ва Сардори департаменти Агентии Оғохон оид ба макони зист баромаду суханронӣ намуданд.
Дар рафти конфронс маърузаҳо ва рунамоҳо доир ба популятсияи бабри барфӣ дар сатҳи миллӣ ва глобалӣ, натиҷаҳо ва дастоварҳо дар самти ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он, нақшаи амали миллӣ доир ба ҳифзи бабри барфӣ ва чорабиниҳои ташфиқотию тарғиботӣ доир ба ҳифзи бабри барфӣ шунида шуданнд.
Дар фарҷоми конфронс аз тарафи иштирокчиён қатънома доир ба таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ дар самти ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳо, ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бабри барфӣ қабул карда шуд.