| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Конференсия бахшида ба Рӯзи байналмилалии об
    Ахбор

    Конференсия бахшида ба Рӯзи байналмилалии об

    Санаи 17 марти соли 2022 дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд конференсия бахшида ба 22 март - Рӯзи байналмилалии об бо иштироки намояндагони Лоиҳаи миллии раёсати захираҳои об дар Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, корхонаву ташкилотҳои ҷамъиятии марбутаи соҳаи об, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳҳои олӣ аз ҷониби Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё гузаронида шуд.

    Дар рафти конференсия мутахассисону коршиносон дар мавзӯи таърихи пайдоиши Рӯзи байналмилалии об, нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои оби сайёра, обҳои зеризаминӣ ва заминаи ҳуқуқии идоракунии обҳои зеризаминӣ тибқи нақшаи ҳавзавӣ барои солҳои 2021-2025, истифодаи обҳои зеризаминӣ дар обёрӣ, ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи обҳои зеризаминӣ, таъсири лоиҳаи WAPRO ба ҳифзи обҳои зеризаминӣ рӯйнамоҳо (презентатсияҳо) пешкаши иштирокдорон гардиданд.

    Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани конференсия ин баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои обӣ ва ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» маҳсуб меёбад.


    Бозгашт