| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Канали аз корбаромада тоза карда шуд
    Ахбор

    Канали аз корбаромада тоза карда шуд

     

    Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории аксияи “Тозагии соҳил” тибқи нақшаи тасдиқгардида бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 10 маротиба аксияи экологии “Тозагии соҳил”-ро дар ҳудуди ноҳия роҳандозӣ намуд.

    Бояд қайд намуд, ки аксияҳо дар хатти муҳофизатии соҳили дарёҳои Варзоб, Душанбе, Харангон, каналу селпартоҳои кӯчаҳои Карамов, Ҳ.Шерозӣ  доир гашта, дар он зерсохторҳои шуъбаи маориф, сокинони маҳаллаҳо, манзилхизматрасони №1 ва 2, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди ноҳия, муассисаҳои тандурустӣ фаъолона ширкат варзида,  партовҳои сахти маишӣ, гулхорҳо, алафҳо ва гилу лойқа  тоза карда шуданд.

    Партовҳои ҷамъовардашуда тавассути техникаҳои махсуси Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.

    Гузашта аз ин, бояд зикр намуд, ки ҷиҳати таъмини тозагии хатти муҳофизатии канали аз корбаромадаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе тасмим гирифт, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  канали болозикрро дар доираи баргузории аксияи “Тозагии соҳил” тоза намояд. Бо итминон қайд менамоем, ки дар муддати кӯтоҳ зери назорати шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия канали мазкур дар масоҳати 2100 метри тӯлонӣ тоза карда шуда, бо ҷалби 6 адад техникаи боркашонӣ ва 1 адад техникаи борбардор ба миқдори 38000м3 гилу лойқа бароварда шуданд. 

    Ҳамчунон, бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ, риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ, роҳ надодан ба ҷойгир намудани партов дар соҳили дарёву каналҳо, ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, олуда накардани оби нӯшокӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию шукуфоӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо аҳолии шаҳраку маҳаллаҳо суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуд.

    Дар сӯҳбат бо аҳолӣ риояи ҳатмии  талаботҳои ҳифзи муҳити зист ва Маромномаи сокини пойтахт таъкид гардида, гуфта шуд, ки сокинон  дар  аксияҳои экологии “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” ҳиссагузорӣ намоянд. 




    Бозгашт