| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштироки Шерализода Б. А. дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  дар  ноҳияи Мурғоби ВМКБ
    Ахбор

    Иштироки Шерализода Б. А. дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ

    Дар доираи ҷашнгирии 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А., ки дар мавриди татбиқи Нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ роҳбарии Комиссияи ҳукуматии ноҳияи Мурғобро ба уҳда доранд, дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳ. Ҳ. дар даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб дарвозаи ноҳия ва се синфхонаи МТМУ-и, №1,14, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд, мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар дарвозаи даромадгоҳи ноҳия ҳамчун минтақаи сайёҳӣ муҷҷасамаҳои ҳайвоноти нодири Тоҷикистон гузошта шудаанд, ки ба намои ин ҷой зебогии дигарро зам мекунад. Дарвозаи мазкур бунёд ва синфхонаҳо  бо маблағгузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон таъмир ва бо тамоми  ашёву лавозимоти замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд.

    Дар доираи ин чорабинӣ толори варзишии деҳаи Кунақурған, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мақомоти маҳалии ноҳияи Мурғоб бо ҷалби сокинони ҷамоат  сохта ва ба истифода дода шуд. Ҳамчунин  истироҳатгоҳи мавзеи Модиён, ки аз тарафи соҳибкор Мамадраим Соҳибқулов  сохта шудаст, мавриди истифода қарор гирифт.

    Дар доираи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳраки Мурғоб ва ҷамоатҳои ноҳияи Мурғоб омодагиҳо дар сатҳи баланд рафта истодаанд.

                                                          
      


    Бозгашт