| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштироки Раиси Кумита дар чорабинии «Барфу ях дар шароити тағйирёбии иқлим» дар доираи иҷлосияи 26-уми Конфронси Тарафҳо
    Ахбор

    Иштироки Раиси Кумита дар чорабинии «Барфу ях дар шароити тағйирёбии иқлим» дар доираи иҷлосияи 26-уми Конфронси Тарафҳо

    Дар доираи иҷлосияи 26-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим (COP26), 1 ноябри соли 2021 чорабинии паҳлӯии “Барф ва ях дар заминаи тағирёбии иқлим: Муқовиматро ба оқибатҳои шадидноки офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, дастрасии об чӣ гуна бояд ташаккул дод», ки дар он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард.

    Чорабинии мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) ва ЮНЕСКО ташкил карда шудааст.

    Дар чорабинӣ масъалаҳои робитаи тағйирёбии иқлим, криосфера ва вобастагии инсон аз об, инчунин таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, аз ҷумла обшавии пиряхҳо баррасӣ шуд.

    Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ, инчунин ҷаноби Петри Таалас, дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, хонум Шамила Наир-Бейдулло, ёвари директори генералии ЮНЕСКО, Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ФБНА суханронӣ карданд.

    Дар муҳокимаи панелӣ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамзамон ҷонибҳои манфиатдор аз бахшҳои муҳити зист, об, энергетика ва кишоварзӣ ширкат доштанд.

    Дар доираи чорабинии мазкур ба ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд, ки он аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдории васеъ пайдо кард.

     
    Бозгашт