| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштироки намояндаи Кумита дар мусобиқа оид ба намуди варзишӣ вазнбардорӣ
    Ахбор

    Иштироки намояндаи Кумита дар мусобиқа оид ба намуди варзишӣ вазнбардорӣ

    Бо шарофати ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тамоми шароитҳои зарурӣ барои рушди варзиш ба ҷавонони мамлакат фароҳам мебошад. Чунки варзиш - ин қосиди сулҳу амонӣ, пайвандгари дӯстиву рафоқати халқу миллатҳо ба ҳисоб рафта, баҳри солимии омма, рушди инкишофи насли наврас ва обутоби ҷисмонии онҳо нақши муҳим дорад. Ҷавонони кишварамон аз чунин имкониятҳои мусоид самаранок истифода бурда, барои ноил гардидан ба дастовардҳои баланди варзишӣ саъю кӯшиши худро равона сохта истодаанд.

    27 феврали соли 2022 яке аз ҷавонони корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Абдуҷаббор дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ, ки дар толори варзишии “Тоҷварз”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар вазни 74 кг иштирок намуда, сазовори ҷойи 2-юм гашт.


    Бозгашт