Иштироки мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолият
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон санаи 9 сентябри соли ҷорӣ, дар ҳамоиши ҷашнӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кӯчаи марказии ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳия бо иштироки тамоми корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо як ҳисси баланди Ватандустӣ ва меҳри пуршор аз фазои Истиқлол иштирок намуданд.
Дар ҳамоиши идона аз тарафи бахш бо истифода аз автомашинаи тамғаи “Портер” овезаҳои ҷашнии таблиғотӣ вобаста ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, аксҳои дастовардҳои даврони Истиқлол, расми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилдҳои якуму дуюм, ниҳолҳои ороишӣ, гулҳои рангоранг ва гӯшаи табиати зинда ташкил карда шуда, ҳайвонот ва парандагони нодир барои меҳмонони Олиқадр, роҳбарият ва аҳолии ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус бо иштироки фаъолонаи худ ташвиқу тарғиби табиат, ҳисси дӯст доштани табиат ва ҳифзи ҳайвоноту парандагон ва муҳити зистро дар шуури тамошобинон ҷо намуда, дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии ноҳия каме ҳам бошад ҳиссаи худро гузошт.