Иштироки кормандони Кумита дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
21 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумита ва зерсохтори он, аз ҷумла ҷавонон фаъолона иштирок намуданд.
Ба ин муносибат ҳамасола тамоми кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сокинони пойтахт дар ин мусобиқаи сатҳи баланди варзишӣ иштирок мекунанд.
Мусобиқаи Дави миллӣ тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.
Олимон муайян намудаанд, ки давидан кори майнаи сарро ба таври назаррас беҳтар ва инсонро болидахотир мекунад.
Манфиати дави субҳгоҳӣ нисбат ба дигар намуди машқҳо ва парҳезҳо барои тамоми бадан афзалтар аст.