| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сессияи Пленарӣ оид ба баррасии самаранокии равандҳо дар доираи Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ва протоколҳои он
    Ахбор

    Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сессияи Пленарӣ оид ба баррасии самаранокии равандҳо дар доираи Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ва протоколҳои он

    24 марти соли 2022 сессияи Пленарӣ оид ба баррасии самаранокии равандҳои иҷрои Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ва протоколҳои он таҳти раисии хонум Шарлотта Сорквист, роҳбари Мақоми ёрирасон оид ба татбиқи Конвенсия оғоз гардид.

    Дар сессияи пленарӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда оид ба самаранокии татбиқи Конвенсия ва протоколҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифта, намояндагони давлатҳо оид ба беҳтар намудани татбиқи Конвенсия ва протоколҳои он дар шароити пандемия ва баргузории ҷаласаҳои маҷозӣ ва гибридии Конвенсия ва протоколҳои он як қатор тавсияҳо пешниҳод намуданд.

    Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки мулоқотҳои шахсӣ ва рӯ ба рӯ бо назардошти минтақаҳои ҷуғрофӣ ва вақти баргузории вохӯриҳо нисбат ба ҷаласаҳои маҷозӣ барои иҷрои саривақтии ҳадафҳои Конвенсия ва протоколҳои он муассиртаранд.


    Бозгашт