| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ (сайд-ивент) доир ба “Минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ” дар ҳошияи иҷлосияи Мақоми ёрирасони Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (SBSTTA-24) ш.Женева Швейтсария
    Ахбор

    Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ (сайд-ивент) доир ба “Минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ” дар ҳошияи иҷлосияи Мақоми ёрирасони Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (SBSTTA-24) ш.Женева Швейтсария

    Санаи 17 марти соли 2022 кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ (сайд-ивент) доир ба масъалаи ҳифзи минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ, ки дар ҳошияи иҷлосияи Мақоми ёрирасони Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ доир гашт иштирок намуданд.

    Дар ҷаҳон 36 мавзеҳои арзишнок ва минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ муайян карда шудаанд, ки ҳамчун макони зисти набототи нодиру камёфт ва намудҳои эндемикӣ муайян карда шудаанд, ки ҳадди аққал дар онҳо 1500 намуди растаниҳои эндемикӣ мавҷуданд ва зиёда аз 70% флораву набототи аслии табиии худро гум кардаанд.

    Дар рафти ҷаласа тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ ҳамчун самти асосии ҳифзи гуногунии биологӣ дар ҳадафу вазифаҳои Барномаи глобалии ҳифзи гуногунии биологӣ то соли 2030 ворид карда шаванд ва кишварҳои аъзои Конвенсия уҳдадоранд, ки ҳифзу истифодаи оқилонаи ин минтақаҳоро таъмин намоянд.

     


    Бозгашт