| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иштирок ва баромади намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сессияи пленарии чаласаи 3-юми Мақоми ёрирарасон оид ба татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (SBI-3)
    Ахбор

    Иштирок ва баромади намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сессияи пленарии чаласаи 3-юми Мақоми ёрирарасон оид ба татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (SBI-3)

    18 марти соли 2022 Сессия пленарии ҷаласаи 3-юми Мақоми ёрирасон оид ба татбики Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ (SBI-3) оғоз гардида, дар он масъалаҳои Нақши гендерӣ, ҳамкориҳо бо дигар Конвенсияҳо, Рушди иқтидор ва мутобиқат ба ҳадафҳои пас аз соли 2020 баррасӣ гардиданд.

    Масъалаи гендерӣ яке аз масъалаҳои муҳими Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ ба ҳисоб рафта, пешниҳод гардид, ки ин масъала ба Барномаи глобалии қолибӣ доир ба гуногунии биологӣ баъд аз соли 2020 ворид карда шавад ва дар сатҳи миллӣ масъалаи гендерӣ ва саҳми занон дар ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ аз ҷониби Тарафҳои Конвенсия дар амал татбиқ карда шаванд.

    Дар рафти Сессияи пленарӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои муҳокимашаванда ва хуҷҷатҳои пешниҳодшуда таклифҳои худро пешниҳод намуд.



    Бозгашт