| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ифтитоҳи Хоҷагии ёрирасони намунавии “Ҳифзи табиат” дар шаҳри Панҷакент
    Ахбор

    Ифтитоҳи Хоҷагии ёрирасони намунавии “Ҳифзи табиат” дар шаҳри Панҷакент

    14 апрели соли 2022 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба вилояти Суғд, бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Сановбар, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъди Ғафор, муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва дигар шахсони масъул Хоҷагии ёрирасони намунавии (ниҳолпарварӣ) “Ҳифзи табиат” дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ифтитоҳ гардид.

    Дар кушодашавии расмии он, ки дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд, дар назди иштирокдорон иттилоъ дода шуд, ки бунёди хоҷагии ёрирасони намунавии “Ҳифзи табиат” дар назди шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент моҳи январи соли 2022 оғоз гардид., Инчунин, барои кабудизоркунӣ 24 намуди дарахтон, ки миқдори онҳо 63000 адад гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.

    Масоҳати умумии замини хоҷагӣ 7 гектар буда, бинои якошёна барои фароҳам овардани шароити кории кормандон, дигар корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар сатҳи зарурӣ иҷро гаштаанд.

    Ташкили чунин як коргоҳ имкон дод, ки, 15 воҳиди кории нав ташкил гардад.
      

    Бозгашт