| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ифтитоҳи бинои маъмурии нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳринав
    Ахбор

    Ифтитоҳи бинои маъмурии нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳринав

    1 октябри соли ҷорӣ бинои маъмурии нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳринав ифтитоҳ гардид. Дар расми кушодашавии бинои мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А., раиси ноҳияи Шаҳринав Носирзода Ҷ. ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Ю. иштирок намуданд.

    Сохтмони бинои мазкур моҳи январи соли 2020 оғоз гардида, беш аз як солу шаш моҳ идома ёфт. Бино аз 2 ошёна ва таҳхона бо фарогирии 6 утоқи корӣ, қабулгоҳ ва толори маҷлис иборат аст.

    Роҳбарони мақомоти давлатии дар ифтитоҳи ин бинои замонавӣ иштирок карда ба сифати корҳо тарҳи он, баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзанда ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар арзёбӣ намуданд.

     


    Бозгашт