| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Идомаи корҳои ободонӣ дар шаҳри Ҳисор
    Ахбор

    Идомаи корҳои ободонӣ дар шаҳри Ҳисор

    Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва баҳри ҷалб намудани сайёҳон ба ин минтақа, аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар якҷоягӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор корҳои ободонию созандагӣ дар ин минтақа вусъат гирифта истодааст.

    11 декабри соли равон бо иштироки доираи васеи сокинон тозагии умумишаҳрӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар он беш аз 350 нафар иштироки фаъол намуданд. Дар рафти аксияи мазкур корҳои ободонӣ, аз ҷониби тоза намудани шафати роҳҳо, бартараф намудани партовҳои сахти маишию истеҳсолӣ ва соҳили дарёву ҷӯйҳо амалӣ шуд, ки дар натиҷа 7,5 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва бо воситаи техникаҳои боркаш ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуданд.

    Инчунин, дар қисмати дигар бошад, аз ҷониби иштирокчиён беш аз 100 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз дар канори роҳҳои марказӣ шинонида шуд.

        


    Бозгашт