| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иқдоми навбатии Кумита дар мавсими ниҳолшинонӣ
    Ахбор

    Иқдоми навбатии Кумита дар мавсими ниҳолшинонӣ                   

    26 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохорҳои тобеи Кумита дар шаҳри Душанбе баҳри иқдом дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал”  чуқуриҳо барои шинонидани ниҳолҳои ба иқлими мазеи мазкур мувофиқ омода карда шуд.

    Дар мавзеи мазкур шинонидани ниҳоли дарахтони санавбар, можжевелник, туя, шулаш ва олуи даштӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Тибқи нақшаи умумӣ шинонидани дарахтон, ки шумораашон 58163 ададро ташкил медиҳад аз ҷониби сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои И. Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, Кумитаи кор бо ҷавонон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист сурат мегирад.

    Мутобиқ ба дастури мутахассисони соҳа ва дендрологҳо шинонидани ниҳоли дарахтон дар ин мавзеъ дар 1 га дар масофаи 3х3 м амалӣ карда шуда, нигоҳубини дарахтони шинонидашуда тӯли як сол ба зиммаи сохторҳои дахлдор вогузошта мешавад.

    Ёдовар мешавем, ки ҳамасола роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи ниҳолшинонии пойтахт иштироки фаъолона карда, дар муддати 2 соли охир дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз дар талу теппаҳои маҳаллаи Сари осиё, Лучоб ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ шинонида шуд, ки айни ҳол дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.

    IMG_0333.JPG IMG_0322.JPG            

     


    Бозгашт