| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Фаъолияти Кумита дар соли 2021 натиҷагирӣ карда шуд
    Ахбор

    Фаъолияти Кумита дар соли 2021 натиҷагирӣ карда шуд

    5 январи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо, роҳбарони лоиҳаҳои татбиқшавандаи марбутаи соҳа, сардорони Сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Агентии обуҳавошиносӣ ва МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” иштирок намуданд.

    Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳо «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022», мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

    Пас аз муайян гардидани регламенти кори маҷлиси мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли ҷорӣ муовини раиси Кумита Мавлодод А. М. бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуда, вазъи воқеии фаъолияти сохторҳои соҳавиро дар соли ҳисоботӣ бо назардошти дастоварду камбудиҳои ҷойдошта ба таври мушаххас пешниҳод намуд.

    Ҳамзамон, дар ҷаласаи мушовара ҳисоботи сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Назаралиев М., Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад, Хатлон Мусозода Шералӣ, шаҳри Душанбе Раҳимзода Нурулло, раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб Соҳибов Қ. ва дигар оид ба фаъолияти самтҳои марбутаи худ шунида шуд.

    Дар муҳокимаи масъала раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҷойҳо, риояи низоми қоидаҳои мавҷуда суханронӣ намуда, аз масъулон сабабҳо ва омилҳои ба камбудиҳо роҳ додани масъулонро пурсон гашта, ҳамзамон ба масъулони дахлдор ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияташон супоришҳои мушаххас дод.

    Дар ҷаласаи мушовараи Кумита намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Орзузода Фирӯз иштирок ва баромад намуд.

    Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласаи мушовара қабул гардида, барои корбарӣ ба тамоми сохторҳои дахлдори тобеи Кумита ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ фиристода мешавад.

     

    Бозгашт