| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Фаъолияти 9-моҳаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти Суғд натиҷагирӣ карда шуд
    Ахбор

    Фаъолияти 9-моҳаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд натиҷагирӣ карда шуд

    12 октябри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли љорї ва вазифаҳо барои љамъбасти сазовори соли 2021 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ, сардори Раёсат Абдуаҳад Ҳакимзода, сардорони шуъбаҳои назоратӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Дар ҷаласа ҳисоботи муовини сардори Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли равон шунида шуд.

    Муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ ва сардори Раёсат Абдуаҳад Ҳакимзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо доданд. Ҳамчунин баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба масъулони соњавї дастуру супоришњои мушаххас дода шуд.  

     

    Бозгашт