| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Душанбе шаҳри гулпӯш
    Ахбор

    Душанбе шаҳри гулпӯш

    Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои фармоишҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории аксияҳои экологии “Тозагии соҳил”, “Тозагии маҳал” ва ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории ҳамоиши байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай корҳои ободонию созандагӣ ва ба таври қиёснашаванда бо гулу бутта композитсиякунонии кӯчаву хиёбон ва боғҳои фарҳангӣ тибқи нақша анҷом дода шуд.

    Тибқи иттилои мавҷуда, бо мақсади сарсабзу шукуфон ва муаттар намудани боғу гулгашт, хиёбон, кӯчаҳои протоколӣ бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар минтақаҳои муайянгардида бо усулҳои замонавӣ дар доираи композитсияҳои навтарин ороишӣ кӯчаҳо бо гулу бутта бо намудҳои гуногун анҷом дода шуд, ки ба симои пойтахт ҳусни дигар зам мекунад.

    Гузашта аз ин, мақомоти шаҳрдорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории ҷаласаи Созмони амнияти дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбон ва кӯчаҳои протоколӣ ба миқдори зиёда аз 7 млн дона гул шинонида шуд.

    Ҳамчунон, бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ, риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025  бо аҳолӣ ва муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохӯриҳо сурат гирифт.



    Бозгашт