| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар маҷлиси ҳарҳафтаи назди Раиси Кумита
    Ахбор

    Дар маҷлиси ҳарҳафтаи назди Раиси Кумита

     20 сентябри соли равон маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирии фаъолияти сохторҳои мақомоти соҳавӣ дар ҳафтаи аз 13 то 18 сентябри соли 2021 ва вазифаҳо барои ҳафтаи соли ҷорӣ баргузор гардид.

    Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон рӯзномаи маҷлисро ба иштирокдорон шинос намуда, сипас ҳисоботи таҳлили сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Маҳмадулозода Х. шунида шуд.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. оид ба камбудиву норасоиҳаи ҷойдошта дар корбарию коргузорӣ вобаста ба иҷрои саривақтию босифати мактубу ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди ҳисоботҳо тибқи тартиби муқарраргардида, интизоми меҳнат ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ибрози назар намуда, барои ислоҳи камбудиҳо ба масъулони дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

    Инчунин, дар маҷлис масъалаҳои такмил ва таҷдиди Нозомномаи Кумита мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд. Пас аз баёни фикру андешаҳо ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори маҷлис вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қабул гардид.


    Бозгашт