| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Ахбор

    Дар омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Корҳои ободонӣ дар маҳаллҳои аҳолинишин, қитъаҳои замини назди корхонаву муассиссаҳо, кӯчаву гулгаштҳо, боғу фароғатгоҳҳо, лаби ҷӯйю соҳили дарёҳо, дигар манбаъҳои обӣ ва роҳу шоҳроҳҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад. Дар ин чорабиниҳои беҳдоштии экологӣ тамоми сохторҳои тобеи Кумита дар маҳаллҳо муваззаф гардида,  бо иқдоми онҳо сокинони маҳал ва табақаҳои дигари аҳолӣ ҷалб карда шуда истодаанд, то саҳми ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дар беҳдошти муҳити зист расида бошад.

    Дар амалигардонии  чунин як чорабиниҳо санаи 4 сентябри соли 2021 шанбегии умумии кормандони Дастгоҳи марказии Кумита дар замини наздиҳавлигии он  баргузор гардид. Нафарони ба шанбегӣ омада замини назди бинои маъмуриро тоза намуда, бехи дарахтонро нарму мулоим намуда, шоху навдаҳои онҳоро ба тартиб оварданд.

    Чунин корҳои ободониву тозагии муҳити зист бо мақсади зебоманзар намудани намои ҳар як шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад.    

    
    Бозгашт