| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар ноҳияи Шаҳритус камбудиҳо оид ба масъалаи партовҳо  бартараф карда шуданд
    Ахбор

    Дар ноҳияи Шаҳритус камбудиҳо оид ба масъалаи партовҳо бартараф карда шуданд

     

    Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон оид ба ҳолати партовгоҳи муваққатии ҷамоати шаҳраки  Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус, ки санаи 18 августи соли ҷорӣ тариқи шабакаи якуми Тевевизиони Тоҷикистон ба намош гузошта шуда буд, чораандешӣ намуд.

    Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия 3 адад автомашинаи КАМАЗ ва 2 адад автомашинаҳои пуриқтидор  сафарбар гардида, партовгоҳи муваққатии кӯчаҳои ҳудуди шаҳраки Шаҳртуси ноҳия аз  партовҳо тоза карда шуданд. 

    Рафти чорабинии мазкур ҳамчун вокуниш тариқи телевизиони мазкур наворбардорӣ карда шуд. Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус дар оянда баҳри роҳ надодан ба чунин камбудиҳо ва сари вақт баровардани  партовҳо аз партовгоҳҳои муваққатӣ фаъолиятро пурзӯр намуда, баҳри тозаву  озода нигоҳ доштани ҳудуди ноҳия аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода хоҳад бурд. 


      
    Бозгашт