| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита
    Ахбор

    Дар маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

    23 август соли ҷорӣ маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирии фаъолияти ҳафтаи сеюми моҳи август ва вазифаҳо барои ҷамъбасти моҳи август баргузор гардид.

    Тибқи тартиби кори маҷлис аз рӯи масъалаи рӯзнома оид ба фаъолияти ҳафтаи аз 16 то 20 августи соли 2021 ҳисоботи сармутахасси  Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Эшонов А. шунида шуд. Зимни маърӯзаи ҳисоботӣ қайд гардид, ки дар ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби Кумита ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  426 адад санҷишу амалиётҳои назоратӣ гузаронида шудааст. Барои риоя накардани меъёрҳои экологӣ ва қонунвайронкунӣ дар самтҳои ҳифзи муҳити зист нисбат ба беш аз 300 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҳои дахлдори зарурӣ андешида шудаанд. Ҳамзамон, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳое, ки фаъолияти нокифоя доранд ва нишондиҳандаҳои самтҳои соҳавиашон паст мебошад, дар ҳисобот пешниҳод гардиданд.

    Ҳамзамон сардорони шуъбаҳои назорати давлатӣ, лоиҳаҳои татбиқшаванда, марказҳои илмии Дастгоҳи марказӣ, Агентии обуҳавошиносӣ ва МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” дар ҳузури раиси Кумита Шерализода Баҳодур Амадҷон оид ба фаъолияти самтҳояшон гузориш доданд.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. рафти иҷрои супоришҳои қаблан додашударо ба масъулони соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамзамон омодагиҳоро барои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сардорони воҳидҳои сохторӣ пурсон шуд.

    Дар ин баробар таклифу пешниҳодҳо барои пешбурди фаъолияти сохторҳои иштирокдор шунида шуда, вобаста ба ҳамаи масъалаҳои ҷорӣ, бо назардошти супоришҳои додашуда қарори дахлдор қабул гардид.  


    Бозгашт