| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита
    Ахбор

    Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

    11 октябр маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти раёсати муовини Раиси Кумита Қиёмзода З. С. доир гашт.

    Тибқи рӯзномаи маҷлис фаъолияти сохторҳо ва зерсохторҳои Кумита дар ҳафтаи аз 4 то 8 ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷории моҳи октябр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Аз рӯи масъалаи мазкур бо пешниҳоди ҳисоботи таҳлилӣ сардори шуъбаи назорат ва таҳлили Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Қосимова Г. С. баромад намуд.

    Сипас, муовини Раиси Кумита Қиёмзода З. роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба баргузории ҷаласаи Муошовараи Кумита барои ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар 9 моҳи соли ҷорӣ ва корбарию коргузорӣ дар мавриди таҷдиди сохторҳои Кумита тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, № 357 таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

    Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои дар маҷлис баррасигардида, бо назардошти пешниҳоду таклифҳо қарор дахлдор қабул карда шуд.


    Бозгашт