| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита
    Ахбор

    Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

    9 август маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва маҳаллии Кумита дар ҳафтаи аз 2 то 6 ва вазифагузориҳо барои ҳафтаи ҷории моҳи август мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Тибқи тартиби ҷорӣ дар ҳузури  раисикунанда, муовини Раиси Кумита Мавлодод А. М.  ҳисоботи таҳлилии фаъолияти сохторҳо аз ҷониби сармутахассиси Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ Эшонов А. шунида шуд.

    Ҳамзамон, сардорони воҳидҳои сохторӣ оид ба самтҳои фаъолияти марбутаи худ дар ҳафтаи сипаришуда маълумот доданд.

    Сипас, муовини Раиси Кумита Мавлодод  А. М.  оид ба ҳамаи масъалаҳои дахлдори соҳавӣ, аз ҷумла  номукаммалии фаъолияти назорати давлатии баъзе шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, пешгирии ҷамъоварии ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш, шикори парандагон, назорати интизоми меҳнат, дигар масъалаҳои ҷорӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, масъулонро барои риояи қатъии талаботи ҷорӣ  ва дар доираи  қонунгузориҳо ва тартиботи  муайянкардашуда амал кардан дастуру супоришҳои мушаххас дод.

    Дар охир бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, вазифагузорию супоришҳо  бо назардошти  таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.   



    Бозгашт