Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи назди раиси Кумита
27 сентябр маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи назди раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он фаъолияти сохторҳои мақомоти соҳавӣ дар ҳафтаи қаблӣ ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Муовини раиси Кумита Мавлодод А. М. рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос намуда, сипас ҳисоботи таҳлилии сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Маҳмадуллозода Х. шунида шуд.
Сипас, муовини раиси Кумита Мавлодод А. М. оид ба нокифоягии фаъолияти баъзе аз шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, ки дар гузориши таҳлилӣ арзёбӣ гардид, ишора намуда, масъулони шуъбаҳои назоратии дастгоҳи марказии Кумитаро вазифадор намуд, ки сабабҳои аслии ин равандро муайян намуда, ба раиси Кумита маълумоти мушаххас пешниҳод намоянд.
Аз ҷониби муовини раиси Кумита масъалаҳои омодагӣ ба ҷамъбасти ҳисоботҳои моҳи сентябр ва инчунин натиҷагирии фаъолияти Кумита дар 9-моҳаи соли ҷорӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шуданд.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома, ироаи таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.