| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар маҷлиси ҳарҳафтаи назди Раиси Кумита
    Ахбор

    Дар маҷлиси ҳарҳафтаи назди Раиси Кумита

    13 сентябри соли равон маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирии фаъолияти сохторҳои мақомоти соҳавӣ дар ҳафтаи қаблӣ ва вазифаҳо барои ҳафтаи аз 13 то 18 сентябри соли 2021 баргузор гардид.

    Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон рӯзномаи маҷлисро ба иштирокдорон шинос намуда, сипас ҳисоботи таҳлили сармутахассиси Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита  Эшонов А. шунида шуд.

    Раиси Кумита оид ба дастовардҳои мақомоти соҳавӣ, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гаштанд, ба масъулони иҷро изҳори сипос намуда, муҳимтарини ин дастовардҳо, аз ҷумла амалӣ гаштани корҳои назаррас дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ-ро қайд намуданд.  

    Инчунин аз ҷониби раиси Кумита масъалаҳои таҷдиди назар ва такмили  сохторҳои Кумита, тибқи тартиби муқарраргардида, ва дар ин замина таҳияи низомномаҳои сохторҳои тобеи Кумита мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.

    Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома, ироаи таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.

    
    Бозгашт