| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар ҷаласаи назоратии раиси  Кумита
    Ахбор

    Дар ҷаласаи назоратии раиси  Кумита

    3 майи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи навбатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Кумита дар моҳи апрел ва вазифаҳо барои моҳи майи соли ҷорӣ баргузор гардид. 

    Тибқи рӯзномаи ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти моҳонаи сохторҳои зертобеи Кумита  сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. бо ҳисоботи таҳлилӣ баромад кард.

    Масъалаи рӯзномаи ҷаласаро раиси  Кумита Шерализода Б. А. натиҷагирӣ карда, аз фаъолияти сусти баъзе масъулони самтҳои назорати давлатӣ, ки дар ин ё он шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишондоди назаррас надоранд, изҳори нигаронӣ намуд. Дар ин росто, сабабу омилҳои сустфаъолиятии мақомоти маҳалии мавриди назарро аз масъулони раёсатҳои назоратӣ  пурсон шуд. Раиси Кумита ба сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр, инчунин ба раёсатҳои назорати давлатӣ супориш доданд, ки фаъолияти якмоҳаи сохторҳои мавриди назарро бори дигар  омӯхта маълумоти заруриро ба роҳбарияти Кумита пешниҳод намоянд.

    Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида  супоришҳо дода, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва нишон додани муҳлати иҷрои онҳо қарори дахлдор қабул карда шуд. 


    Бозгашт