| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар ҷаласаи назоратии Кумита
    Ахбор

    Дар ҷаласаи назоратии Кумита 

    1 декабр дар ҷаласаи назорати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ҷаласа фаъолияти сохторҳои Кумита ва зерсохтори он дар моҳи ноябри соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Пас аз шунидани ҳисоботи таҳлилӣ аз ҷониби раиси Кумита Шерализода Б. А. камбудию норасоиҳои ҷойдошта, аз қабили фаъолияти нокифояи баъзе аз шуъбаю бахшҳои шаҳрию ноҳиявии мақомоти мазкур оид ба самтҳои назоратии ҳифзи муҳити зистро қайд намуда, вобаста ба ин сабабҳои мавҷуда аз масъулони дахлдори дастгоҳи марказӣ пурсида шуданд. Раиси Кумита ба фаъолияти муассисаву марказҳои дигари  тобеи Кумитаро  барои беҳтар намудани фаъолияти сохторҳояшон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

    Таъкид карда шуд, ки оид ба  фаъолияти  Кумита дар соли 2021 ҳаматарафа омодагӣ дида, барои  бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани он маъулони дахлдор чораҳои мушаххас андешанд.

    Дар охир, вобаста ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.

    Бозгашт