| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар ҷаласаи назоратии ҳарҳафтаинаи Кумита
    Ахбор

    Дар ҷаласаи назоратии ҳарҳафтаинаи Кумита

    14 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи назди раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ҷаласа фаъолияти сохторҳои Кумита ва зерсохтори он аз 7 то 11 феврали соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Пас аз шунидани ҳисоботи таҳлилии сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. раиси Кумита Шерализода Б. А. оид ба масъалаҳои раванди фаъолияти сохторҳои соҳавӣ, рафти иҷрои дастуру супоришҳои додашуда, омилҳои натиҷаҳои нокифояи фаъолияти баъзе сохторҳои маҳаллӣ, шинонидани дарахтон дар ҳудуди шаҳри Душанбе, оид ба иҷрои Конвенсияҳои амалкунанда дар Кумита ва дигар масъалаҳои ҷорӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

    Дар охир, вобаста ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда, қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.

      

    
    Бозгашт