Дар ҷаласаи назоратии ҳарҳафтаинаи Кумита
23 майи соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо ҷаласаи навбатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Кумита дар ҳафтаи аз 16 то 20 майи соли 2022 ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаинаи сохторҳои зертобеи Кумита сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. бо ҳисоботи таҳлилӣ баромад кард.
Масъалаи рӯзномаи ҷаласаро муовини якуми раиси Кумита натиҷагирӣ карда, вазифаҳои ҳафтаи ҷориро ба масъулони сохторҳо барои иҷро пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ Тиллоева Г. оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Кумита роҷеъ ба таҷлили 50-солагии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ва муовини сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об Судуров С. оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо роҷеъ ба омодагӣ ба Конференсияи сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки аввалҳои моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, гузориш доданд.
Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдор қабул карда шуд.