| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар ҷаласаи назоратии ҳарҳафтаинаи Кумита
    Ахбор

    Дар ҷаласаи назоратии ҳарҳафтаинаи Кумита

    20 декабр ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ҷаласа фаъолияти сохторҳои Кумита ва зерсохтори он аз 13 ноябр то 18 декабри соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Пас аз шунидани ҳисоботи таҳлилии муовини сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Қосимова Г. муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. оид ба масъалаҳои раванди фаъолияти сохторҳои соҳавӣ, рафти иҷрои дастуру супоришҳои додашуда, баргузории ҷаласаҳои мақомоти маҳаллии Кумита дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, омилҳои натиҷаҳои нокифояи фаъолияти баъзе сохторҳои маҳаллӣ, омода ва пешниҳод намудани китоби дастовардҳои Кумита дар 30-соли Истиқлолияти давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шуданд.

    Дар охир, вобаста ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда, қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.

    Бозгашт