| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи роҳбарияти Кумита
    Ахбор

    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи роҳбарияти Кумита

    17 январи соли 2022 таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Сӯфиҷон ҷаласаи навбатӣ оид ба фаъолияти сохторҳои Кумита дар ҳафтаи қаблӣ баргузор гардид. 

    Тибқи рӯзномаи ҷаласа и. в. сардори  Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров Исфандиёр оид ба фаъолияти якҳафтаинаи сохторҳои соҳавӣ маълумоти мушаххаси таҳлилӣ пешниҳод намуд.

    Сипас, раисикунандаи ҷаласа Қиёмзода З. С. сабабу омилҳои суст ба роҳ мондани пешбурди назорати давлатиро доир ба самтҳои ҳифзи муҳити зист дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аз масъулон пурсон шуда, дастур дода шуд, ки масъалаҳои мазкур дар раёсатҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин бора маълумоти воқеӣ ба роҳбарияти Кумита пешниҳод карда шавад.

    Ҳамзамон, дигар масълаҳои вобаста ба фаъолияти воҳидҳои сохторӣ зери таваҷҷуҳи муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. қарор дода шуда, ҷиҳати иҷрои саривақтию босифати супоришҳои додашуда ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.

    Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида  супоришҳо дода, бо назардошти нишон додани муҳлати иҷрои онҳо қарори дахлдор қабул карда шуд. 


    Бозгашт