| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита
    Ахбор

    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита

    18 октябр дар толори маҷлисии Кумита  ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита баргузор гардид, ки дар он ду масъала ба баррасӣ гузошта шуд.

    Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа Судуров С. масъули  Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Кумита дар бораи асосҳои қонунгузорӣ оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба тарзӣ рӯйнамо баромад намуд. Зимни  пешниҳоди маълумотҳо талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи гузаронидани санҷишҳо дар объектҳои ба муҳити зист таъсиррасон арзёбӣ гардид.

    Сипас, суолу ҷавоб сурат гирифта, оид ба масъалаи мавриди назар табодули афкор сурат гирифта, ҳамчунин барои беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти амалӣ пешниҳодҳо дода шуд.

    Аз рӯи масъалаи дуюми ҷаласа фаъолияти сохторҳои Кумита баррасӣ  гардида, дар рафти он раиси Кумита эродҳои худро барои беҳтар намудани корбарию коргузорӣ, аз ҷумла таҳлили воқеӣ ва пешниҳоди мушаххаси ҳисоботҳо баён дошт.

    Пас аз муҳокимаи масъалаҳо, таклифу пешниҳодҳо  ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.


    Бозгашт