| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита
    Ахбор

    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

    4 октябр  ҷаласаи навбатии  ҳарҳафтаинаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он фаъолияти сохторҳои мақомоти соҳавӣ дар моҳи сентябр ва вазифаҳо барои моҳи  ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.  

    Раиси Кумита  Шерализода Б. А. рӯзномаи маҷлисро ба иштирокдорон шинос намуда, сипас ҳисоботи таҳлили сармутахассиси  Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита  Эшонов А. шунида шуд.

    Сипас, раиси Кумита оид ба нокифоягии фаъолияти баъзе аз шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, ки дар гузориши таҳлилӣ арзёбӣ гардиданд,  ишора намуда, масъулони шуъбаҳои назоратии дастгоҳи марказии Кумитаро вазифадор намуд, ки  сабабҳои аслии  ин равандро муайян намуда, корбариро дар самти пешбурди назорати давлатӣ пурзӯр намоянд.  

    Дар рафти ҷаласа аз ҳар як сардорони сохторҳои масъули Кумита масъалаҳои вобаста ба самташон пурсида шуда,  фаъолияти Кумита дар моҳи сентябр натиҷагирӣ ва барои чорабиниҳои моҳи октябр вазифагузориҳо карда шуд. 

    Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома,  бо назардошти  таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори ҷаласа қабул карда шуд.


    Бозгашт